Ба қафоСиёсати махфият

Сиёсати хадамоти «TUDA» нисбати коркарди маълумотҳои махфӣ


Сиёсати мазкур тартиби аз ҷониби хадамоти "TUDA" (баъдан - Хадамот) ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои шахсӣ ва дигар маълумоти махфии шахсони ҷисмонӣ бо истифодаи воситаҳои автоматикунонӣ тавассути шабакаи Интернет танзим менамояд.

Муқаррароти умумӣ

1.      Дар доираи ҳуҷҷати мазкур истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:

1.1.Маълумотҳои шахсӣ — ҳамагуна иттилооте, ки бевосита ё бавосита ба шахси воқеии муайян ё муайяншаванда (субъекти маълумотҳои шахсӣ) дахл дорад.

1.2.Хадамот – шахсе, коркарди маълумотҳои шахсиро ташкил ва (ё ин ки) амалӣ мекунад, ҳамчунин мақсадҳои коркарди маълумотҳои шахсӣ, таркиби маълумотҳои шахсии коркардшаванда, амалҳои (амалиётҳои) бо маълумотҳои шахсӣ амалишавандаро муайян мекунад;

1.3.Сомона — маҷмуи барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар иттилооти таркиби системаи иттилоотӣ, ки дастрасӣ ба он тавассути шабакаи Интернет аз рӯи номҳои доменӣ ва (ё) аз рӯи суроғаҳои шабакавии муайянкунандаи сомонаҳо дар шабакаи Интернет таъмин мегардад, ки аз ҷониби Хадамот барои пешниҳод кардани хизматрасониҳо ба Фармоишгарон истифода мешавад. Суроғаи сомона: tu-da.com.

1.4.Барномаи мобилӣ — барнома барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, ки ба дастгоҳи мобилии Фармоишгар насб карда мешавад ва ба маҷмааи барномавӣ-дастгоҳӣ ҳамҷоя карда шудааст ва ба ҷараёни худкори ташаккулдиҳии фармоишҳо тавассути шабакаи Интернет имкон медиҳад. 

1.5.Хизматрасониҳо — хизматрасониҳои иттилоотӣ, ки ба қабулкунӣ, коркардкунӣ ва интиқол ва ба махзани маълумотҳо ворид кардани дархостҳои Фармоишгар, ва хабардоркунии Фармоишгар дар бораи иҷроиши фармоиш равона карда шудааст.

1.6.Фармоишгар — шахсе, ки фармоиши хизматрасониро тавассути Хадамот ба амал мебарорад.

1.7.Шарик — шахсе, ки мустақилона, бо қувваи худ ба Фармоишдиҳанда хизмат мерасонад.

1.8.Фармоиш — фармоиши аз ҷониби система коркардгардида барои хизматҳо, ки аз ҷониби Шарикон расонида мешаванд.

1.9.Коркарди маълумотҳои шахсӣ – амали (амалиёти) дилхоҳ ё ин ки маҷмуаи амалҳои (амалиётҳои) бо истифода аз воситаҳои автоматикунонӣ ё бе истифода аз чунин воситаҳо бо маълумотҳои шахсӣ содир карда шаванда, аз он ҷумла ҷамъоварӣ, сабт, систематизатсия, ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, саҳеҳкунӣ (навкунӣ, тағйирдиҳӣ), иқтибосгирӣ, истифодабарӣ, интиқол (паҳнкунӣ, пешниҳодкунӣ, дастрасидиҳӣ), бешахсгардонӣ, мамнӯъкунӣ, несткунӣ, нобудкунии маълумотҳои шахсӣ;

1.10.       Коркарди автоматикунонидашудаи маълумотҳо – коркарди маълумотҳои шахсӣ бо ёрии воситаҳои техникаи ҳисоббарор;

1.11.       Пешниҳодкунии маълумотҳои шахсӣ – амалҳое, ки барои кушодани маълумотҳои шахсӣ ба шахсони муайян ё ин ки доираи муайяни шахсон равона карда шудааст;

1.12.       Мамнӯъкунии маълумотҳои шахсӣ – қатъкунии муваққатии коркарди маълумотҳои шахсӣ (бо истиснои ҳолатҳое, ки агар коркард барои саҳеҳкунии маълумотҳои шахсӣ зарур бошад);

1.13.       Нобудсозии маълумотҳои шахсӣ — амале, ки дар натиҷаи он барқарор намудани таркиби маълумотҳои шахсӣ дар системаи иттилоотии маълумотҳои шахсӣ ғайриимкон мегардад ва (ё) дар натиҷаи он ҳомилҳои моддии маълумотҳои шахсӣ нобуд карда мешаванд.

1.14.       Системаи иттилоотии маълумотҳои шахсӣ — маҷмуъаи маълумотҳои шахсии дар маъзани маълумотҳо нигоҳдошташаванда ва технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои техникии таъминкунандаи коркарди онҳо;

1.15.       Файлҳои cookie — ҳиссаи маълумоте, ки сомона мефиристад ва он дар компютер, телефони мобилӣ ё таҷҳизоти дигар нигаҳдорӣ мешавад ва Фармоишгар тавассути таҷҳизоти номбаршуда ба сомона ворид мегардад, барои нигаҳдории маълумот дар бораи амалҳои Фармоишгар дар сомона истифода бурда мешавад.

1.16.       Муайянкунандаи таҷҳизот — маълумоти ягонаи муайянкунандаи таҷҳизоти Фармоишгар, ки замимаи мобилӣ дар ҳамин таҷҳизот насб гардидааст, аз тарафи худи таҷҳизот пешниҳод мегардад ё замимаи мобилӣ ба ҳисоб мегирад.

2.      Бо фармоиш додани хизматрасониҳо тавассути сомона ё ки барномаи мобилӣ, Фармоишгар бо шартҳои сиёсати мазкур розӣ мешавад, аз ҷумла ба Хадамот барои коркарди маълумотҳои шахсии худ розигӣ медиҳад, дар ҳолатҳое, ки муқаррароти қонунгузории амалкунанда чунин розигиро талаб мекунад.

Маълумотҳои шахсӣ

3.      Дар рафти коркарди маълумотҳои шахсӣ Фармоишгар ҳуқуқ дорад:

3.1.Иттилоотро вобаста ба коркарди маълумотҳои шахсии худ, аз ҷумла иттилооти зеринро гирад:

3.1.1.                 Тасдиқи далели коркарди маълумотҳои шахсӣ;

3.1.2.                 Асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсади коркарди маълумотҳои шахсӣ;

3.1.3.                 Мақсад ва тарзҳои истифодашавандаи коркарди маълумотҳои шахсӣ;

3.1.4.                 Маълумот дар бораи ном ва маҳали ҷойгиршавии шахсе, ки маълумотҳои шахсиро коркард мекунад, маълумот дар бораи шахсоне, ки ба маълумотҳои шахсӣ дастрасӣ доранд (ба истиснои кормандони Хадамот) ё маълумот дар бораи шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои шахсиро дар асоси шартнома бо Хадамот ё дар асоси қонунгузории амалкунанда ошкор кардан мумкин аст;

3.1.5.                 маълумотҳои шахсии коркардшавандае, ки ба субъекти дахлдори маълумотҳои шахсӣ  дахл дорад ва сарчашмаи гирифтани ин маълумот, агар тартиби дигари пешниҳоди чунин маълумот дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нашуда бошад;

3.1.6.                 Мӯҳлатҳои коркарди маълумотҳои шахсӣ, аз ҷумла мӯҳлатҳои нигаҳдории он;

3.1.7.                 Тартиби аз тарафи Фармоишгар амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд;

3.1.8.                 Иттилоот дар бораи амалӣ шудани супоридани маълумот ё иттилоот дар бораи эҳтимоли супоридани фаромарзии маълумот;

3.1.9.                 Ном ё насаб, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки коркарди маълумотҳои шахсиро бо супориши Хадамот анҷом медиҳад, агар коркард ба чунин шахс супорида шуда бошад ё дар оянда супорида шавад;

3.1.10.             Дигар маълумотҳое, ки бо қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд.

3.2.Аз Хадамот ислоҳи маълумотҳои шахсии худ, муҳосира ё нобуд кардани ин маълумотро талаб намояд, агар маълумотҳои шахсӣ нопурра, куҳнашуда, нодуруст, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзшудаи коркард зарур набошад, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ чораҳои дар қонунгузорӣ пешбинишударо андешад.

3.3.Нисбат ба ҳаракат ё беҳаракатии Хадамот ба мақоми ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои маълумотҳои шахсӣ ё бо тартиби судӣ эътироз намояд, агар Фармоишгар гумон дошта бошад, ки Хадамот коркарди маълумотҳои шахсии ӯро бе риояи талаботи қонунгузории амалкунанда анҷом медиҳад ё ба тарзи дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро поймол мекунад.

3.4.Ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ, аз ҷумла ба ҷуброни зарар ва (ё) ҷуброни зиёни маънавӣ бо тартиби судӣ.

4.      Дар рафти коркарди маълумотҳои шахсӣ Хадамот ӯҳдадор мешавад:

4.1.Ба Фармоишгар бо дархости ӯ иттилооти зеринро пешниҳод намояд:

4.1.1.                 Тасдиқи далели коркарди маълумотҳои шахсӣ;

4.1.2.                 Асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсади коркарди маълумотҳои шахсӣ;

4.1.3.                 Мақсад ва тарзҳои истифодашавандаи коркарди маълумотҳои шахсӣ;

4.1.4.                 Ном ва маҳали ҷойгиршавии худ, маълумот дар бораи шахсоне, ки ба маълумотҳои шахсӣ дастрасӣ доранд (ба истиснои кормандон) ё маълумот дар бораи шахсоне, ки ба онҳо маълумотҳои шахсиро дар асоси шартнома ё дар асоси қонунгузории федералӣ ошкор кардан мумкин аст;

4.1.5.                 маълумотҳои шахсии коркардшавандаи Фармоишгар ва сарчашмаи гирифтани чунин маълумот, агар тартиби дигари пешниҳоди чунин маълумот дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нашуда бошад;

4.1.6.                 Мӯҳлатҳои коркарди маълумотҳои шахсӣ, аз ҷумла мӯҳлатҳои нигаҳдории он;

4.1.7.                 Тартиби аз тарафи Фармоишгар амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд;

4.1.8.                 Иттилоот дар бораи амалӣ шудани супоридани маълумот ё иттилоот дар бораи эҳтимоли супоридани фаромарзии маълумот;

4.1.9.                 Ном ё насаб, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки коркарди маълумотҳои шахсиро бо супориши Хадамот анҷом медиҳад, агар коркард ба чунин шахс супорида шуда бошад ё дар оянда супорида шавад;

4.1.10.             Дигар маълумотҳое, ки бо қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд..

4.2.Андешидани чораҳоро ҷиҳати пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумотҳои шахсии Фармоишгар таъмин намояд.

4.3.Ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат нисбат ба коркарди маълумотҳои шахсиро нашр кунад ё ба тарзи дигар дастрасии бемаҳдудро ба ҳамин ҳуҷҷат, инчунин ба маълумот дар бораи талаботи татбиқшаванда нисбат ба ҳифзи маълумотҳои шахсиро таъмин намояд.

5.      Мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои шахсии Фармоишгар ин бастани шартнома миёни Фармоишгар ва Хадамот барои расонидани хизматҳо ба Фармоишгар мебошад.

6.      маълумотҳои шахсии Фармоишгар дар ҳомилҳои электронӣ нигоҳ дошта шуда, бо истифодаи системаҳои автоматикунонидаи коркарди маълумотҳои шахсӣ коркард карда мешавад.

7.      Хадамот чунин маълумотҳои шахсии Фармоишгарро ҷамъоварӣ ва коркард мекунад:

7.1.Насаб, ном, номи падар;

7.2.Санаи таваллуд;

7.3.Рақами телефони абонентӣ;

7.4.Суроғаи ҷойгиршавӣ:

7.5.Суроғаи почтаи электронӣ;

8.      Маълумотҳои зерини шахсиро Фармоишгар ба Хадамот аз рӯи салоҳдиди худ пешкаш карда, инчунин аз рӯи салоҳдиди худ тағйир два (ё ин ки) нест карда метавонад:

8.1.Насаб, ном, номи падар;

8.2.Санаи таваллуд;

8.3.Суроғаи ҷойгиршавӣ:

8.4.Суроғаи почтаи электронӣ;

9.      маълумотҳои шахсии Фармоишгар аз ҷониби Хадамот дар ҳолатҳои зерин нест карда мешавад:

9.1.Баъд аз гузаштани се сол аз лаҳзаи анҷоми Хизматрасонӣ;

9.2.Дар ҳолати аз ҷониби Фармоишгар бозхонд намудани розигӣ ба коркарди маълумотҳои шахсии он.

10.  Маълумотҳои шахсии Фармоишгар бе имкони барқароркунии минбаъдаи он нобуд карда мешаванд.

11.  Дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии Фармоишгаронро танҳо шахсоне доранд, ки бевосита ба расонидани Хизматҳо алоқаманд мебошанд. Дар ҳолатҳои дигар Хизматрасонӣ маълумотҳои шахсии Фармоишгарро паҳн намекунад, ҳамчунин ба шахсони сеюм бе гирифтани иҷозати пешакии Фармоишгар дастрасӣ намедиҳад, ба ғайр аз ҳолатҳои пешниҳод намудани маълумотҳои шахсӣ аз рӯи дархости мақомотҳои ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории амалкунанда.

12.  Хадамот ҷиҳати пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумотҳои шахсии Фармоишгар чораҳои зеринро меандешад:

12.1.       Кормандони масъулро барои ташкили коркарди маълумотҳои шахсӣ таъин мекунад;

12.2.       Чораҳои ташкилию техникиро барои таъмини амнияти маълумотҳои шахсии Фармоишгар меандешад, аз ҷумла:

12.2.1.             Таҳдидҳо ба амнияти маълумотҳои шахсиро ҳангоми коркарди он дар системаҳои иттилоотии маълумотҳои шахсӣ муайян менамояд;

12.2.2.             Низоми таъмини амнияти биноҳоеро, ки дар онҳо системаи иттилоотии бартарафкунандаи имкониятҳи вуруд ё ҳузури назоратнашавандаи шахсони ба ин биноҳо ҳуқуқи дастрасӣ надошта ҷойгир шудааст, ташкил мекунад;

12.2.3.             Амнияти ҳомилҳои маълумотҳои шахсиро таъмин мекунад;

12.2.4.             Рӯйхати шахсонеро, ки ба маълумотҳои шахсӣ дастрасӣ доранд ва ин маълумот барои иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ (меҳнатӣ)-и онҳо зарур аст, тасдиқ мекунад;

12.2.5.             Воситаҳои ҳифзи иттилоотро, ки барои пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумотҳои шахсӣ заруранд, истифода мебарад;

12.2.6.             Самаранокии чораҳои андешидашаванда ҷиҳати таъмини амнияти маълумотҳои шахсиро арзёбӣ мекунад;

12.2.7.             Ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба маълумотҳои шахсӣ ва андешидани чораҳоро таъмин мекунад;

12.2.8.             маълумотҳои шахсии дар натиҷаи дастрасии беиҷозат тағирдодашуда ё нобудгардидаро барқарор мекунад (ба шарти мавҷуд будани имконияти техникии чунин барқароркунӣ);

12.2.9.             Қоидаҳои дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии дар системаи иттилоотии маълумотҳои шахсӣ коркардшавандаро муқаррар менамояд;

12.2.10.         Чораҳои андешидашаванда ҷиҳати таъмини амнияти маълумотҳои шахсӣ ва сатҳи муҳофизатии системаҳои иттилоотии маълумотҳои шахсиро назорат мекунад.

13.  Фармоишгар ҳуқуқ дорад, ки аз Хадамот ислоҳи (навсозии) маълумотҳои шахсии худ, муҳосира ё нобуд кардани ин маълумотро талаб намояд, агар маълумотҳои шахсӣ нопурра, куҳнашуда, нодуруст, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзшудаи коркард зарур набошад, инчунин розигии худро барои коркарди маълумотҳои шахсӣ бо роҳи ба Хадамот фиристодани дархост ва (ё) талаби дахлдор дар шакли хаттӣ бо фиристодани фармоишии он тавассути почта ва бо огоҳ намудан дар бораи супоридан ё шахсан расонидан ба маҳали ҷойгиршавии Хадамот бозхонд намояд. Суроғаи маҳали ҷойгиршавии Хадамот дар фасли дахлдори сомона қайд шудааст. Дархост/талаби зикршуда бояд рақами ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсияти Фармоишгар ё намояндаи ӯ, маълумот дар бораи санаи додани ҳуҷҷати зикршуда ва мақоми ҳуҷҷатдиҳанда, суроғаи ҷои истиқомати Фармоишгар, маълумоти тасдиқкунандаи иштироки Фармоишгар бо Хадамот (рақами шартнома, санаи баста шудани шартнома, таъиноти шартии калимавӣ ва (ё ки) маълумотҳои дигар) ё маълумоте, ки ба тарзи дигар далели коркарди маълумотҳои шахсиро тасдиқ мекунад, талабот дар бораи ислоҳ, муҳосира ё нобудсозии маълумотҳои шахсии Фармоишгар ё огоҳинома дар бораи бозхонди розигӣ барои коркарди маълумотҳои шахсӣ, имзои Фармоишгар ё намояндаи ӯро дар бар гирад. Хадамот ӯҳдадор мешавад, ки аз рӯи моҳияти дархост/талаби Фармоишгар дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани он ҷавоби далелнок диҳад.

Маълумоти геолокатсионӣ

14.  Хадамот тавассути замимаи мобилӣ дар бораи маҳали ҷойгиршавии Фармоишгар маълумот (маълумоти геолокатсионӣ) мегирад. Маълумоти геолокатсионӣ ба Хадамот танҳо дар вақти истифодаи замимаи мобилӣ дода мешавад. Фармоишгар бо салоҳдиди худ додани маълумоти геолокатсиониро бо роҳи тағйири танзимоти дахлдори таҷҳизоти мобилии худ манъ карда метавонад.

15.  Бо мақсади иҷроиши Фармоиш Хадамот маълумотҳои геолокатсионии Фармоишгарро ба Шарикони худ, ки Фармоишро барои иҷроиш қабул кардаанд, пешкаш мекунад.

Маълумоти пардохт

16.  Барои гирифтани имконияти гирифтани хизмати аз ҷониби Шарикон пешкаш шаванда, бо усули ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ Фармоишгар метавонад корти бонкиро ба рақами муштарии телефони худ пайваст кунад. Вобаста намудани корти бонкӣ мустақилона аз тарафи Фармоишгар дар замимаи мобилӣ бо роҳи нишон додани маълумоти зерин анҷом дода мешавад:

16.1.       Рақами корти бонкӣ;

16.2.       Мӯҳлати амали корти бонкӣ;

16.3.       Насаб ва номи дорандаи корти бонкӣ;

16.4.       Рамзи муҳофизатии корти бонкӣ.

17.  Пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои бонкӣ тибқи қоидаи системаҳои пардохти байналмилалӣ бо принсипҳои риояи махфият ва амнияти иҷрои пардохт анҷом дода мешавад. Бехатарии маълумоте, ки аз тарафи Фармоишдиҳанда пешниҳод мегардад, бо мутобиқати расмиёт ба талаботи стандарти бехатарии маълумоти саноатии кортҳои бонкӣ (Payment Card Industry Data Security Standard) таъмин гардида, ҳеҷ кас, аз ҷумла Хадамот, онро гирифта наметавонад. Ворид намудани маълумоти корти бонкӣ дар саҳифаи ҳифзшавандаи пардохтии бонки эквайер, ки имкони пардохти ғайринақдии хизматрасониҳоро таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.

Файлҳои cookie

18.  Хадамот намудҳои зерини файлҳои cookie-ро истифода бурда метавонад:

18.1.       Файлҳои cookie қатъӣ зарур. Чунин файлҳои cookie барои ҷойивазкунӣ дар сомона ва истифодаи хизматрасониҳои дархостшаванда лозиманд. Ин намуди файлҳои cookie ҳангоми бақайдгирии Фармоишгар ва ҳангоми ба система ворид шудан истифода бурда мешавад. Бе онҳо хизматрасониҳои аз ҷониби Фармоишгар дархостгардида дастнорас мегарданд. Чунин файлҳои cookie асосӣ буда, доимӣ ва муваққатӣ шуда метавонанд. Бе истифодаи чунин файлҳои cookie сомона ба таври бояду шояд кор карда наметавонанд.

18.2.       Файлҳои cookie истифодабарӣ. Онҳо маълумотҳои омориро оиди истифода бурда шудани сомонаро ҷамъоварӣ мекунанд. Чунин файлҳо иттилооти шахсии Фармоишгар намегиранд. Ҳамаи маълумоти ҷамъовардаи файлҳои cookie хусусияти оморӣ дошта, аноним (номаълум) мебошад. Мақсади истифодаи чунин файлҳои cookie:

18.2.1.             Гирифтани омори истифодаи сомонаҳо;

18.2.2.             Арзёбии самаранокии маъракаҳои рекламавӣ.

Чунин файлҳои cookie доимӣ ва муваққатӣ буда, ҳамзамон ба файлҳои cookie асосӣ ва файлҳои cookie бегона тааллуқ дошта метавонанд.

18.3.       Файлҳои cookie функсионалӣ. Онҳо барои ҳифзи иттилооти пешниҳоднамудаи Фармоишгар (ба мисли номи истифодабаранда, забон ё маҳали ҷойгиршавӣ) истифода бурда мешавад. Чунин файлҳои cookie иттилооти анонимро истифода намуда, амалҳои Фармоишгарро дар сомонаҳои дигар пайгирӣ намекунанд. Мақсади истифодаи чунин файлҳои cookie:

18.3.1.             Ҳифзи маълумот дар бораи ба Фармоишгар пешниҳод гардидани ягон хизматрасонӣ дар гузашта;

18.3.2.             Баланд бардоштани сифати Шарикӣ бо сомона дар маҷмуъ ва бо роҳи ҳифзи афзалиятҳои интихобнамудаи Фармоишгар.

Чунин файлҳои cookie доимӣ ва муваққатӣ буда, ҳамзамон ба файлҳои cookie асосӣ ва файлҳои cookie бегона тааллуқ дошта метавонанд.

18.4.       Файлҳои cookie рекламавӣ. Онҳо барои маҳдуд намудани миқдори тамошои рекламаҳо, инчунин барои арзёбии самаранокии маъракаҳои рекламавӣ кор фармуда мешавад. Файлҳои cookie рекламавӣ аз тарафи шахсони сеюм, масалан, рекламадиҳандагон ё агентҳои онҳо ҷойгир карда мешаванд. Чунин файлҳо ба реклама дар сомона, ки ширкатҳои бегона пешниҳод намудаанд, вобастагӣ доранд. Онҳо доимӣ ва муваққатӣ шуда метавонанд.

19.  Муҳосира ё тоза кардани файлҳои cookie, инчунин маҳдуд намудани амали онҳо дар танзимотҳои браузере, ки аз тарафи Фармоишгар кор фармуда мешавад, имконпазир аст.

Муайянкунандаи дастгоҳ

20.  Маълумоте, ки дар бораи муайянкунандаи дастгоҳ ҷамъоварӣ мешавад, маълумотҳои шахсии Фармоишгарро дар бар намегирад.

21.  Мақсади ҷамъоварии иттилоот дар бораи муайянкунандаи дастгоҳ баҳисобгирии дохилии истифодабарандагони замимаи (приложенияи) мобилӣ аст.

Маълумот дар бораи оператори алоқаи мобилӣ

22.  Хадамот тавассути замимаи мобилӣ дар бораи операторе, ки ба Фармоишгар хизматрасонии алоқаи телефонии мутаҳаррик (алоқаи мобилӣ)-ро пешниҳод менамояд, муайян менамояд.

23.  Маълумоте, ки дар бораи оператор ҷамъоварӣ мешавад, маълумотҳои шахсии Фармоишгарро дар бар намегирад.

24.  Мақсади ҷамъоварии иттилоот дар бораи оператори алоқаи мобилӣ ба таври автоматӣ дар танзимоти замимаи (приложенияи) мобилӣ ҷойгир намудани маълумот дар бораи кишвари маҳалли ҷойгиршавии Фармоишгар ва забони интерфейси замима (приложенӣ) мебошад.

Таърихи фармоишҳо

25.  Хадамот таърихи фармоишҳои Фармоишгарро нигоҳ медорад, аз ҷумла вақти офаридани фармоиш, суроғаи ҷои фиристодани автомобил, суроғаҳои хатсайри мобайнӣ ва хатсайри охирин, тарифи истифодашаванда, тарзи пардохт ва дигар маълумоти нишондодаи ҳангоми офаридани Фармоиш.

26.  Мақсади ҷамъоварии иттилоот дар бораи таърихи фармоишҳо беҳтар гардонидани сифати хизматҳои расонидашаванда бо роҳи пуркунии автоматии параметрҳои фармоиш ва бо истифодаи маълумоти пештар пешниҳодшуда мебошад, ки ихтисори вақти ташкили фармоишро имконпазир мегардонад.