Ба қафоМаълумоти ҳуқуқӣ

ҚОИДАҲОИ БАРНОМАИ МУКОФОТИИ ХАДАМОТИ «TUDA»


1. Қоидаҳо ба истифодабарандаи дилхоҳи хадамоти «TUDA»  равона гардидаанд, пешниҳоди расмии хадамоти «TUDA» аст ва ҳамаи шартҳои барномаи мукофотиро доро мебошанд.
2. Истилоҳоти дар қоидаҳо истифодашаванда.
2.1. Иштирокчӣ — истифодабарандаи хизматрасониҳои хадамоти «TUDA».
2.2. Иштирокчии нав — истифодабаранда, ки аввалин маротиба барномаи «TUDA»-ро насб кардааст, қаблан фармоишҳоро тавассути барнома (аз рақами телефон, ки ба барнома пайваст карда шудааст) ва промокодҳои хадамоти «TUDA»-ро фаъол накардааст.
2.3. Промокод — пайдарҳамии ҳарфҳо ва рақамҳо, ки дар барнома ҳосил карда шудааст ва барои истифодабарии фардии барномаи мукофотӣ аз ҷониби иштирокчиёни барномаи мукофотӣ ё ки ивазкунӣ байни иштирокчиёни барномаи мукофотӣ таъин гардидааст. Промокод идентификатори фиристанда ва қабулкунандаи худ мебошад, ки барои мукофот ва иштирок дар иқдомҳои хадамоти «TUDA» пешниҳод карда мешавад. Танҳо дар кишваре, ки барои он ҳосил карда шудааст, истифода шуда метавонад. Барои фаъолгардонии промокод онро ба майдони мувофиқ дар барномаи «TUDA» ворид кардан лозим аст.
2.4. Сомонии мукофотӣ — воҳиди шартӣ, ки дар сомонии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад (1 сомонии мукофотӣ ба 1 сомонии Тоҷикистон баробар аст), ки ба сифати таҳфиф то 10% аз рӯи тарофаҳои дастрас ба сифати пардохт истифода шуда метавонанд. Сомониҳои мукофотиро ба воситаҳои пулӣ иваз кардан мумкин нест ва муҳлати маҳдуди истифодаи бо қоидаҳои мазкур маҳдудгардида доранд.
2.5. Суратҳисоби шахсӣ — ҳисоби виртуалии аз ҷониби хадамоти «TUDA» ташаккулдодашудаи истифодабарандаи барномаи «TUDA», ки дар он пешпардохтҳо ва маблағҳои пулии аз пардохтҳои мазкур ба сифати пардохтифармоишҳо аз рӯи тарофаҳи дастрас боздошташуда (соқитгардида) сабт карда мешаванд.
3. Намудҳои мукофотҳо.
3.1. «Мукофоти якум». Иштирокчии нав ба барномаи «TUDA» промокоди аз маводҳои рекламавии хадамоти «TUDA» гирифташударо ворид мекунад. Баъд аз фаъолгардонии бомуваффақияти промокод ба ҳисоби Иштирокчии нав маблағи дар маводи рекламавӣ нишондодашуда ворид карда мешавад, ки онро барои пардохти фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои дастрас дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ истифода бурдан мумкин аст.
3.2. «Ба дӯстон тақдим намо». Иштирокчӣ дар барномаи «TUDA» промокоди шахсиро ҳосил мекунад ва бо усули дилхоҳи имконпазир онро ба Иштирокчии нав интиқол медиҳад. Баъд аз фаъолкунии промокод дар барнома дар дастгоҳи мобилии худ Иштирокчии нав 15 сомонии мукофотӣ мегирад. Иштирок 15 сомонии мукофотиро барои ҳар як фаъолгардонии промокоди шахсии худ аз ҷониби Иштирокчиёни нав бо он шарт мегирад, ки агар иштирокчиёни нав дар давоми 90 рӯз на кам аз 3 фармоиши пардохтгардидаро аз рӯи тарофаҳои дастраси тавассути барномаи «TUDA» офаридашуда содир кунанд. Сомониҳои мукофотӣ ба суратҳисоби шахсии истифодабарандагон ворид карда мешаванд ва барои пардохти фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои дастрас дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ истифода бурда шуда метавонанд.
3.3. «Промокоди икдомӣ». Истифодабарандаи барномаи «TUDA» промокодро барои иштирок дар иқдоми хадамоти «TUDA» мегирад. Баъд аз фаъолгардонии промокод ӯ иштирокчии иқдом мегардад. Сомониҳои мукофотӣ ва туҳфавӣ барои фаъолгардонӣ ҳисоб карда намешаванд. Муҳлат ва тартиби фаъолкунии промокод, ҳамчунин шартҳо, тартиби гузаронидан ва муҳлати амали иқдом ба истифодабарандаи барномаи «TUDA» иловатан эълон карда мешавад.
3.4. «Промокоди инъомӣ». Истифодабарандаи барномаи «TUDA» промокодро ба сифати инъом аз рӯи натиҷаҳои иштирок дар иқдоми хадамоти «TUDA» мегирад. Баъд аз фаъолгардонии промокод сомониҳои мукофотӣ ба суратҳисоби истифодабаранда ворид карда мешаванд ва метавонанд барои пардохти фармоишҳо аз рӯи тарофаҳои дастрас истифода бурда шаванд. Номинали промокод дар сомониҳо ва муҳлати истифодаи онҳо бо шартҳои иқдом муайян карда мешаванд.
3.5. «Промокоди туҳфавӣ». Истифодабарандаи барномаи «TUDA» промокодро бо ёрии тугмаи «Офаридани промокоди туҳфавӣ» ҳосил мекунад ва худ номинали онро дар сомониҳои туҳфавӣ нишон медиҳад. Маблағҳои пулӣ дар сомонии ҶТ, ки ба миқдори сомониҳои туҳфавӣ баробар мебошанд, аз суратҳисоби шахсии ӯ ё ки корти бонкии пайвастгардида соқит карда мешаванд. Истифодабаранда промокоди худро бо усули дилхоҳи имконпазир ба қабулкунанда интиқол медиҳад, ки ӯ метавонад промокодро фаъол гардонад. Баъд аз фаъолгардонии сомониҳои туҳфавӣ, ки номинали промокоди туҳфавиро ташкил медиҳанд, ба суратҳисоби истифодабаранда ворид карда мешаванд.
4. Хадамоти «TUDA» оиди қоидаҳо, муҳлатҳо, шартҳои барномаи мукофотиро дар барномаи «TUDA» ё ки дар сомонаи tu-da.com маълум мекунад.